Ба дарвешӣ қаноат кун, ки султонӣ хатар дорад
Намози субҳ ҷамоат кун, ки гур ҳам дарди сар дорад
Ту Қуръонро қироат кун, ки аз ҳар чиз хабар дорад
Зиёд ёди Қиёмат кун, ки дар омол асар дорад
Зи Бубакрҳо ҳикоят кун, к-аз ӯ Ислом самар дорад
Умарҳоро ривоят кун ба сад Рустам ҷигар дорад
Ҳаёро зуд маҳорат кун, ки аз Усмон хабар дорад
Али хайбар қиёмат кун Асадуллоҳ назар дорад
Ту нафсатро маломат кун, ҳавои нафс зарар дорад
Биҳиштро зуд башорат кун, ки дўзах башар дорад
Агар хоҳӣ ҷиноят кун, вале Раббат хабар дорад
Биё як бор ибодат кун, Худо бар мо назар дорад
Тавонат бениҳоят кун, аҷал умри мухтасар дорад
Худо гуфта хилофат кун, Халифаат назар дорад
Ту гар хоҳӣ хиёнат кун, вале