Ҳувайдо, хоҳарам, ҷонам фидоят,
Бинолам рӯзу шабҳо дар азоят.
Надорад дарди ҳиҷрони ту марҳам,
Биҳишти ҷовидон хоҳам бароят.
Палиде, пуштие, ҳамҷинсбозе,
Гули умри туро барканд ногаҳ.
Зи сӯзи риштаи ҷони шарифат,
Тамоми халқи дунё гашт огаҳ.
Сари як мӯ агар ёбам илоҷе,
Бигирам интиқом аз он касофат.
Намонам як дақиқа зинда бошад,
Ба домони ҷаҳони бесаодат.
Ҳувайдо, эй азизи миллати ман,
Илоҳо қотилат ночор мирад,
Ҷазояшро диҳад Парвардигорам,
Варо оҳи Падарҷонат бигирад.
Бароят модари бечора нолад,
Тамоми ҳамватан ҳамвора нолад.
Мусофирқисмати нокомгашта,
Барои ту ҳама сайёра нолад.
Ҳувайдо, хоҳарам моро набахшо,
Саробони ту дар Меҳан нагаштем.
Набахшо, ғунчаи нашкуфта моро,
Барои буда