Аз дарди дурӣ, ҳама гулҳо пажмурдаанд!
Дар рӯзи ошиқон, бо ҳам бошем Дилам.
Tolibat ҳастам, Ҳофизу, Бедили туям!
Булбули ишқам, дар паи он рӯи туям!
***
Ай боло меоӣ тоқии чоргул ба сарут,
Ғамҳои маро задаӣ дар пеши барут.
Ғамҳои маро бигир аз пеши барут,
Сад ёр гирӣ ғамҳои ман аст дар ҷигарут.
***
Дигар он шаҳри шодӣ бас, ки хомӯш аст,
Дигар он хандаи беғам фаромӯш аст.
Дигар маънӣ надорад ин шабу рӯзам,
Дигар хунобаи ғамҳо маро нӯш аст.
***
Сари роҳи туро гулзор кардам,
Туро ай бевафо ман ёр кадам.
Надонистам дили сангини туро,
Гули умеди худро хор кардам.
***
Машав ғамгин, ки ёрат бевафо шуд,
Бирафт у бо дигар кас ошно шуд.
Сарат бошад дар дунё тоқӣ бис