Ашкам чакад хар нимашаб бар сахфаи Куръони ман,
Гуё,ки оташ мезанад ҳар шуълааш бар чони ман.
Қуръон магу дарёст ин, дарёи нопайдост ин.
То човидон барчост ин, ҳар вожааш бурхони ман.
Аз давлати ҳар ояте, бинам зи рахмат сояе.
Ҳар дам паноҳам медихад, аз оташи пинхони ман.
Ҳар оят ларзонад маро, в-аз шавқ гирёнад маро.
Лутфи Худо хонад маро, сад вой аз хирмони ман.
Ҳар сурааш дор-уш-шифо, дар нури он атри сафо.
Бар дарди нопайдо бувад, Қуръони ман-дармони ман.
Аз ояташ гирён шавам,дар ашки худ пинхон шавам.
Нолам зи фазилатхо басе, ғафлат бувад зиндони ман.
Ашкам чакад хар нимашаб, бар сахфаи Қуръони ман.
Гуё ки оташ мезанад, ҳар шуълааш бар ҷони ман.