Биё бишнав бародар қиссаи хобе,ки ман дидам, Ки хор андар сари девор зери пой чаман дидам. Ман аз бегонагон акнун, наменолам дигар зеро, Шикасти хешро танҳо ба дасти хештан дидам. Ба дасти озарон будхонаҳо гардида обод, Вале дар ҳаркучо Иброҳимонро будшикан дидам. Разилонро бидидам баски соҳиб давлату хушнуд, Азизони Худоро вакти мурдан бекафан дидам. Ҳарон касро ,ки роҳи ҳак пазируфтанд дарин олам, Ба мисли Юсуфу Мусову Аҳмад беватан дидам. Зи макри нокасон эй дуст машав озурдаву маҳзун, Яқин дар ҳарду олам зери чоҳаш чоҳкан дидам.