Ҳама шаб ғазал биборад зи ҳавои дидаҳоям,
Дили ман зи ғӯсса реш аст,бишунав даме садоям.
Ҳама дам зи ҷон гузаштам, ки шави ба ҷисми ман ҷон,
Ту вале нагашти ҷонам,ки дареғи лаҳзаҳоям.
Ҳама шаб ба хоби ман о, ва марав ба шаҳри ғурбат,
Ки ба диданат азизам, дари дидаро кушоям.
Ту даме ишоратам кун ё маро бихон ба сӯят,
Чу насими хандарезе ба утоқи дил дароям. Ҳама шаб нахуфтаам ман, ки барои ту нависам,
Ҳама рози ин диламро зи сафои гиряҳоям. Нафасе азизи Руъё бишунав фиғони қалбам,
Чу равам зи шаҳри чашмат дигарам наменамоям.
Руъё