Гарчи рафти аз барам аммо фаромўшам макун,
Бо ғамат, ай ошно ҳар шаб ҳамоғўшам макун.
Ҳамчу мавҷи ашк аз дарёи чашмам по макаш,
Дар пайи худ чун ҳубобе, хонабардўшам макун.
Дар дилам нақши ҳазорон доғи ишқи мурда аст,
Беш аз ин дар сўги ишқи худ сияҳпўшам макун.
Соғари чашми ту саршор аст аз мастиву ноз,
Бо хаёли наргисат ҳар шаб қадаҳнўшам макун.
Ман зи сўзи иштиёқи ту саропо оташам,
Боз бо тўфони бемеҳрит хомўшам макун.
Ҷўшад имшаб ҷилваи ҷодуи чашмонат зи ҷом,
Бо шароби наргисат ай фитна мадҳўшам макун.!!!!.