❇Гуфтам манам аҳли хато, ❇Гуфтӣ, ки бахшидам биё. ❇Гуфтам шикастам тавбаҳо, ❇Гуфтӣ, ки бахшидам биё. ❇Гуфтам, ки эй Саттори ман, ❇Эй Ҳазрати Ғаффори ман. ❇Ман бар худам кардам ҷафо, ❇Гуфтӣ, ки бахшидам биё. ❇Гуфтам зи хубӣ холиям, ❇Ман донае пушолиям. ❇Бингар тиҳидастам Худо, ❇Гуфтӣ, ки бахшидам биё. ❇Гуфтам, ки аҳволам бад аст, ❇Аз бас гуноҳам беҳад аст. ❇Бахшидаи ин бандаро? ❇Гуфтӣ, ки бахшидам биё. ❇Гуфтам, ки нафсам саркаш аст, ❇Ҷоям даруни оташ аст. ❇Иғфирлано - Иғфирлано, ❇Гуфтӣ, ки бахшидам биё...