**Эй инсон!**. Аз торикии шаб метарсӣ, аммо чаро аз торикии қабр не? Дар Ҷаннат мехоҳӣ дохил шавӣ, аммо чаро дар масҷид не? Ришваю пора дода метавонӣ, аммо чаро ба як бечора ғизо не? Китобҳои гуногунро хонда метавонӣ, аммо чаро Қур'они покро не? Оҳангҳои шарқию аврупоиро гуш карда метавонӣ, аммо чаро сураҳои Қур'онро не? Барои комёб шудани имтиҳони дунявиат тамоми шаб бедор мемонӣ, аммо чаро барои имтиҳони охират не? Ба хотири филмҳои туркию ҳинди ҳар руз ашк мерезӣ, аммо чаро барои дидори Аллоҳи бе мислу монанд не? Паёмҳои мунҳарифу фосиқиро ба дустонат интишор мекунӣ, аммо чаро панду насиҳатро не? Аллоҳ Бузургу Тавоност. Ҳамеша ба ёди Холиқи Якто бошед. Эй мардум! Тавба намоед ва ба суи Ху