Аё Модар зиёи хонадонам,
Бимирам ман агар кадрат
надонам.
Кунам сад сол агар ман
хизмати ту,
Намеарзад ба ранҷу заҳмати
ту.
Аё Модар, ту боши хамнавоям,
Ба рузи сахтиҳо
мушкилкушоям.
Аё Модар, агар бошӣ чу шохам,
Набоши гар гадои рӯи роҳам.
Аё Модар калонам кардаи ту,
Ба рохи нек равонам кардаи
ту.
Намонам то қадам бар роҳи
шайтон,
Намоям зиндагонӣ мисли
инсон.
Аё Модар бимирам ман бароят,
Набинам хеч гохе нолаҳоят.