Ба води маълум асту хам намоён дехаи Каздон, Макону манзили равшанхаёлон дехаи Каздон. Аё, ки пораи як Оли Сомон дехаи Каздон, Бахори хурраму боѓу гулистон дехаи Каздон. Сухансозу сухансанлу сухандон дехаи Каздон. Мухаббат пешаи механ саропо номусу нанг аст, Шарораш пора месозад агарчанде дили санг аст. Ба зидди нокаси дунё тамоми умр дар чанг аст, Чахон созад дигар рангаш, хамебини, ки якранг аст, Ватанро дар дилу дар дидаю чон, дехаи Каздон. Ба даст овардани дилхо, барояш гавхари дарё, Чахони одаму олам шуда андар дилаш маъво, Намояд назди мехмон шири мурѓу чону дилпайдо, Ба химмат дар баландихо зада хайма сари дунё, Чи турфа ифтихору шухрату шон дехаи Каздон. Адолат шевааш бошад, хаќиќат