Чудо гаштам зи домонат, панохат бар Худо Модар,
Худо бошад нигахбонат панохат бар Худо Модар.
Надидам аз касе мехре, ки дорад чашми пазмонат,
Фидои чашми пазмонат, панохат бар Худо Модар.
Ду дасти бар дуо дори, ки бошад сабз чони ман,
Дилучонам ба дастонат, панохат бар Худо Модар.
Бубахшо шири покатро, суруди дарднокатро,
Ба фарзанди рох дурат, панохат бар Худо Модар.