Ассалому алайкум.
Бо камоли адаб, эҳтиром муҳаббат ва самимияти хос Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди сайди фитр табрик намуда, бароятон дар ин лаҳзаҳои муборак талабу ниятҳои неки дустонаро аз даргоҳи Яздони пок таманно дорам.
Илоҳо ба ризқатон баракот,
ба ҳуснатон нури илоҳи,
ба зиндагиатон офият,
ба хонадонатон осоиш,
ба ишкатон субот,
ба меҳратон вафо,
ба умратон иззат,
ба аҳдатон сидқ,
ба вуҷудатон сиҳати
ато фармояд. Бигузор Худованд аз мехрубониҳояш шуморо сарфароз гардонад, бароятон хушбахтии ҳар ду оламро насиб гардонад.Омин!