Ман умед аз васли ту ай бевафо кардам нашуд,
Ман талаб аз ту меҳру вафо кардам, нашуд,
Қалби сахти мисли хорои туро бо сад хато ,
Бар тариқи ишқварзи ошно кардам нашуд.
Кишвари дилро бикардам,пок аз фармони ақл,
Ман туро дар қасри дил фармонраво кардам нашуд.
Сад ҳазор афсус,ба ҷои ҷону дил бо сад азоб,
Ман туро , эй бефаво, дар хеш ҷо кардам, нашуд.
Медавиди аз паи ҳирсу ҳавасҳо ҳар тараф,
Хостам ёрам шавӣ сад илтиҷо кардам нашуд.
Сухтам аз паи як руз дидор диданат,
Ҷону дилро дар раҳат обу адо кардам нашуд.
Ҷони хештанро бимондам ман гаравгони ғамат,
Ҷони ту дар ҷои ҷони хеш ҷо кардам нашуд.
Ҳар чи доштам кардаам қурбони як нозиданат,
Олами худро барои ту фидо кардам наш