Гул шавад хори ҷаҳон гар бошиям ғамхори дил.
Ҳар ғамат ҳикматфизову шодият шукрофар аст,
Нори ҳаҷрат нурбахши хонаи гулнори дил.
Чорасозо, илтифотат чораи бечорагон,
Бо умеде бастаам сӯят нигоҳи чори дил.
Лаҳзае ғофил машав аз синаи ғамбори ман,
Бори дурии висолатро магардон бори дил.
Побаҷо* бошад дилам дар корзори ишқи Ту,
Кардаам инкори олам то бисозам кори дил.
З-он даме, ки бо Ту бастам риштаи байъу широ(ъ)*
Ҷуз Ту нагзорам касеро бар дари бозори дил.
Ҳар куҷое бингарам дар рӯбарӯям рӯи туст,
Хуштар аз рӯят чи бошад бар дилу дидори дил.
Эй Муродӣ, ҳар дили солим бақобин асту бас,
Дори фонӣ кай хурад бар дидаи бедори дил?!
-
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 2.09.2021
-
Побаҷо*- побарҷой, устувор.
Байъу широ(ъ) - Фурӯшу харид.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев