Порчае аз китоб...
❗️Фарзанд ҳуқуқ дорад, ки аз волидайнаш таълимоти динӣ ва тарбияи шоиста гирад.
Волидайн вазифадоранд, ки фарзандони худро дар роҳи дину диёнат сафарбар кунанд. Онҳо инчунин вазифадоранд, ки ба фарзандонашон ном гузоранд, рӯзадорӣ, росткорӣ ва пархезкорӣ таълим диҳанд ва аз корхои бад, аз қабили нӯшидани машрубот, нашъамандӣ ва зинокорӣ онҳоро боздоранд. Онҳо бояд фарзандонашонро аз таъриху мероси ниёгонашон воқиф созанд. Дар ҷомеаи мусулмонӣ ин вазифаҳо бевосита ба зиммаи мактаб вогузор карда намешавад, зеро ин вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон аст. Дар кишварҳои ғайриисломй ё ҷомеаҳое, ки таълимоти ислом дар онҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст, ин масъулияти воли