Ашкам чакад хар нимашаб Бар сахфаи Куръони ман, Гуё,ки оташ мезанад Хар шуълааш бар чони ман. Куръон магу дарёст ин, Дарёи нопайдост ин. То човидон барчост ин, Хар вожааш бурхони ман. Аз давлати хар ояе, Бинам зи рахмат сояе. Хардам панохам медихад, Аз оташи пинхони ман. Хар оят ларзонад маро, В-аз шавк гирёнад маро. Лутфи Худо хонад маро, Сад вой аз хирмони ман. Хар сурааш дор-уш-шифо, Дар нури он атри сафо. Бар дарди нопайдо бувад, Куръони ман-дармони ман. Аз ояаш гирён шавам, Дар ашки худ пинхон шавам. Нолам зи фазилатхо басе, Гафлат бувад зиндони ман. Ашкам чакад хар нимашаб, Бар сахфаи Куръони ман. Гуё ки оташ мезанад, Хар шуълааш бар чони ман. (аз шабакаи чахонии Висоли Хак)