ЗИМИСТОНИ ХАЁЛ
ОЗАРАХШ
Зимистон мерасад,
Аз дур бар ёди мани шаҳрӣ
куҳистон мерасад.
Модар!
Дар ин ҳолат чӣ ҳолӣ ту!?
Ҳанӯз андар Сари Хирман
ба роҳи ман назар дорӣ,
ки меоям, ба дидорат... намеоям?!
Фидоят ман!...
Бубахшо, ин зимистон ҳам барои ту
Чу фарзандони мардум дарзае ҳезум наовардам,
Кафе гандум наовардам...
Чӣ созам модаро!
Ҳоло, ки дар бозори шаҳри мо
Китоби шеъри шоирро агар гиранд,
баҳри пистапечонист...
Тарозуҳои ин ҷо лоиқи бори муҳаббат нест,
Ман ҳам то ҳанӯз он саркаши дарёдилат ҳастам,
Ки боре нақди ҷонамро ба ин савдо нахоҳам дод,
Таманнои баландамро ба пастиҳо нахоҳам дод!
Модарҷон!
Бароят ин зимистон ҳам китоби шеър хоҳам бурд...!
(медонам,
ки ту раҳтӯшаи
фарзанди раҳгум