Ҷудо аз домани ман буданат эй ёр, бераҳмист,
Набудан воқиф аз ҳолам ало дилдор, бераҳмист.
Бидунат зиндагониям ба дасти ранҷу озор аст,
Маро додан ба дастони ғаму озор, бераҳмист.
Тамоми лаҳзаҳо хоҳам, ки боши дар канори ман,
Намудан маҳрум аз хурсандии дидор, бераҳмист.
Ман огоҳам, ки қалби ту ҳавои васли ман дорад,
Дилатро доштан андар қафас иҷбор, бераҳмист.
Надорад ранг ҳастият нафасҳоят ғамолуданд,
Ба сар бурдан ҳаёти пурғаму ночор бераҳмист.
Дилам дар сина менолад, ди лат дар сина менолад,
Задан теғи ҷафо бар захми дил такрор, бераҳмист.
Биё дардошнойи ҳам давои дарди ҳам бошем,
Табиби ман, надодан дору бар бемор, бераҳмист.
ОшИк БаЧа.