Зодаи Хоруғу Хатлон, тоҷикам, Ман зи Ванҷоби Бадахшон, тоҷикам. Аз Ҳисори Суғдаму аз Рашти Ашт, Ман зи Дарвози Зарафшон, тоҷикам. Зодгоҳам Кулоб аст е Исфара, Зодаи Масчоҳу Рушон, тоҷикам. Аз Самарқанду Бухоро решаам, Содамарде аз Куҳистон, тоҷикам. То ба кай пурсӣ, ки ҳастам аз куҷо, Шаҳрванди Тоҷикистон, тоҷикам.