Ман ғуломи хоки поят, ë Алӣ, Ҷони ман бодо фидоят, ë Алӣ. Руйи Ту оинаи эзаднамост, Ҷаннати мо - руйи покат, ë Алӣ. Нохудои киштии дини мубин, Ай шаҳаншоҳи вилоят, ë Алӣ. Ай ядуллоҳа фавқа айдиҳим, Ман ғуломи бовафоят, ё Алӣ. Ай ту сирри Аҳмади мухтори мо, Баргузида бар васоят, ë Алӣ. Ай ту нози Эзаду пайғомбараш, Бод гардам дар ҳавоят, ë Алӣ.