Эй бародар заррае
бар ҳеҷ кас бовар
макун, Дустонат гирди руят чун
магас, бовар макун. Рози дил
ҳаргиз магу бар ҳеҷ кас ғайр аз
Худо, Бар Худо бовар куну, бар
хору хас бовар макун. Рузи
вазнини расад аз ту хама созанд
хазар, Дар канорат нест ҳеҷ
фарёдрас бовар макун. Аз қафои
вас-васи шайтон ҳазар созу марав,
Гар ба озодӣ бурданат бар қафас
бовар макун. Ишқ гуянду фиреб
созанд бе чуну чароғ, Гар паризода
бувад,чун булҳавас бовар макун.
Умри худро, ки Худо додаст ,бар
бодаш мадеҳ, Бар ту гуянд, ки
биёяд боз пас, бовар макун. Аз
насиҳат ҳои ман панд гир,андеша
кун, Бар касе дар зиндагони як
нафас бовар макун!!!