Ман бароят рузу шабҳо Шеър эҷод мекунам,
Умр агар бошад боқи, хотират шод мекунам.
Роҳе, ки паймудани ҳастам бо ҳамроҳи шумо,
Орзуҳои диламро бе ту барбод мекунам.
Дар дабистони Ту охир бо ту будан орзуст,
Ин замон танҳо нишаста шеърат азёд мекунам.
Ту намедони чи гуна завқи шеъргуист Маро?
Оҳ Худоё шукри он завқи Худодод мекунам.
Ҳар куҷое будаму ҳастам ба эъҷоди худам,
Издиҳомеро ба лутфи хештан шод мекунам.
Роҳе, ки ту мерави ман аз паят пой мондаам.
Ҳар каломе аз қалам уфтод варо ёд мекунам.
Ончунон шеърҳот фасеҳанду қарибу дилнишин,
Сабку услуби туро, дар шеърам обод мекунам.
Ин ду исм ҳаст, як маром дар ҳар қатор,
Лаъли инро ҳарки ёбад хотираш шод мекунам.