Фарзанди солеҳу ба тақво ва хайрпеша неъматест, ки на барои ҳар кас муяссар мегардад.
Инсон хоҳад, ки уро фарзандони солеҳ ба дунё ояд, пас эшонро зарур аст, ки чунин шартҳоро анч,ом бидиҳад:
Зани солеҳа, донишманд ва мусулмонеро ба никоҳи худ дарорад, ки у ҳаққи Парвардигор ва шавҳарро бишиносад.
Аз дини Ислом бохабар буда, ба он амал кунад.
Агар модар зани солеҳаю бо тақво бошад, албатта умед аст, ки фарзандони худро дар ин равия тарбия мекунад.
Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ривоят мекунад, ки модари Суфиён ба писараш насиҳат кард, ки:
«Эй писарам, ман бо ресмонресии худ нафақат туро таъмин менамоям, ту танҳо дар талаби илм ва андухтани дониш ч,аҳду кушиш бикун.
Он модари бузургвор ресмон