Писаре барои нози фарзандӣ аз тарафи падари худ ваҳшиёна кушта шуд. Дар ҳошияи ҳамин фоҷеаи мудҳиши рӯз.
Имшаб аз қисмати ту гирёнам,
Теғи андӯҳ расад бар ҷонам,
Дар биёбони дусад андеша
Раҳ наёбам, ба Худо сарсонам.
Ташнаи меҳри падар ҳастам ман,
Ту зи дасти падари худ чокӣ.
Рӯи хокам, падарамро пазмон,
Ту зи хашми падарат дар хокӣ.
Бемуҳобо дили ман метаркад,
Гар равад хор ба пои фарзанд.
Падари ҷоҳили беинсофат,
Аз ту, эй сабзравон, чун дил канд?
Падаре зор ба нози фарзанд,
Падарат кушт туро безинҳор,
Нест мисли падарат дар олам
Нафаре бедилу зишту ғаддор.
Дар басо хона сукут дорад ҳукм,
Соҳиби хона надорад ҳамроз.
Падарат баст раҳи овозат,
Ҷои он ки ба ту гардад дамсоз.
Чи балоҳо зи сарат бигзашта?
Ту чи сон хушқаду наврас гаштӣ?
Аз Худо пурс, чаро, ҳикмат чист,
Гавҳари хонаи нокас гаштӣ.
Кори ту ҷурм набошад ноз аст,
Ноз пеши падарат бад бошад.
Нокасии падари бадкорат.
Оҳ, бераҳмии беҳад бошад.
Даҳшати марги ту нотобам кард,
Торҳои асабам носоз аст,
Ин ҷаҳон нест ба будан лоиқ,
Рав, бароят дари ҷаннат боз аст.
***
Мезанам дод, ки инсоф куҷост,
Олами бофараҳу соф куҷост.
Соатам гуфт, фараҳ дар Қоф аст,
Эй замон, рост бигӯ, Қоф куҷост?!


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев