Афсӯс, ки мо дар ин ҷаҳон, раҳгӯзарем. Бо ёру, бародарони хӯд, ҳамсафарем. Ай Хоҷа биё, ки хочатам осон кун. Шояд, ки дар он Пули Сиротат гӯзарем. Афсӯс, ки ин ҷаҳон ҷаҳони мо нест. Ҳам молу мулки ин ҷаҳон, аз мо нест. Ай банда биё, даме аз ин огаҳ бош. Ин айшу ишрати ҷаҳон, аз мо нест. Мо раҳгузарем, аз ин ҷаҳон мегӯзарем. Хоҳ бад кунему хоҳ нек мегӯзарем. Гар шоҳ будем ва ё гадои дари кас. Аз дасти аҷал, пиру ҷавон мегӯзарем. Ай банда биё, ки ин ҷаҳон мегӯзарад. Ҳам дарду аламҳои замон мегӯзарад. Бас кун, дигар кибру ғӯруру мастӣ. Ғайр аз Худо, банда ҳама мегӯзарад.