Ман зиндагии хешро бо ту шинохтаам, Дар оташи нигохи ту дилро гудохтаам. Бо ту агар набудаам хамбахт дар замин, Дунёи бахти хеш дар афсона сохтаам. Дар шеъри ман таронаи зебоии ту буд, Аз бахри ман нишонаи зебоии ту буд. Дунё набудаам вале дар хотирам мудом, Дунёи бекаронаи зебоии ту буд. Дарди ту ёд дод сухангустари маро, Омухт бар хатои дилам довари маро. Харчанд бе ту будаам дар рузгори хеш, Наздик кард дурият бо шоири маро... Акнун ту дар таровати тасвири ман бимон! Чун накши норизоии такдири ман бимон! Домидию арусии мо дер шуд дареґ, Эй наваруси шеъри ман,дар шеъри ман бимон.