Эй хоҳарам! Аё эй хоҳарам, аз Ҳақ назар кун, Ҳиҷоби хуби исломӣ ба бар кун. Макун сарпечӣ аз роҳи ҳидоят, Ки фармони Худо фарз аст бароят. Равӣ гар роҳи фаҳшу беҳаёӣ, Шавӣ шарманда дар роҳи хатоӣ. Бимон сарлучиву базму тарабро, Биомуз аз ҳаёт илму адабро. Ту ҳам эй хоҳарам охир калонӣ, Машав дилбастаи моли фалонӣ. Ҷамоли хоҳарон сатру ҳиҷоб аст, Ҳама гуфторам аз руи китоб аст. Бихон эй хоҳарам шеъру ғазалро, Бикун андешаи пайки аҷалро. Насиҳат аст дуст, ин аз бароят, Бихон эй хоҳарам, ҷонам фидоят.