Эй соҳиби ин масъалаи роҳнамо,
Медон бо яқин,ки Ломакон аст Худой.
Хоҳи,ки туро кашф шавад ин маъно,
Ҷон дар бадан бин, ки куҷо дораду ҷой??
Зи хок офаридат Худованди пок,
Пас эй банда афтодаги кун чу хок.
Ҳарису ҷаҳонсузу саркаш мабош!!
Зи хок офаридат чу оташ мабош!!
Чунон сарфарози намо ин каме,
Аз он деву парӣ кардан одаме.
Машав Муллою Суфии шайхи канъон,
Мусалмон шав мусалмон шав, мусалмон!!
Зи зикрам он,ки ру тобат ба дунё.
Ба фардо хашр созам зишту аъм,
Зи зери хок хезат дидааш кур.
Сияҳ гашта дилаш чун лаъл бе нур,
Кунад нола хамон банда ба Мавло.
Ки ҳикмат чист чашмам карди аъмол,
Ба дунё доштам ду чашми равшан.
Бикарди кураш ай дорандаи ман??
Худо гуяд ай махлуқи нодон!!
Ба дунё д