Як замоне Модари нобиное буд, аз ӯ як писар ба дунё омад , дояҳо ба ӯ хабар доданд, ки фарзанди ба дунё овардаат бемор аст. Пас аз аз шунидани хабари бемории писараш модар бо дили реш ӯро нигаҳбонӣ мекард. Азбаски модар чашми бино надошт, ҳама меҳрубониҳояшро нисбати писараш бо чашми дил ифшо мекард. Худованд малоикаеро ба сӯйи модар фиристод ва малоика ба назди модар омаду гуфт: Модар, Худованд як дархости туро қабул мекунад, мехоҳӣ худат бино шавӣ ё фарзандат сиҳат шавад? Модар гуфт: албатта фарзандам сиҳат шавад. Малоика гуфт: пушаймон намешавӣ? Модар гуфт: На, ҳаргиз пушаймон намешавам фарзандам сиҳат шавад! Малоика даст бар дуо бардошт , фарзанди ӯ сиҳат шуд. Ва модар аз ин хушҳол г