Бахши "Як ҚИССА" Муллову фолбини норафтаамон намонд, касе чизе гӯяд мекардем, то Санавбару Шаҳбоз дар куҷое, ки набошанд, зиндаву саломат ба хона баргарданд. Бовар кунед, ҳатто аз Русияву Германия шиносҳо занг зада мегуфтанд, ки ба назди ғайбдон рафтем, фалон корро кунед, албатта бармегарданд ва мо дарҳол гуфтаҳои онҳоро мекардем. Ягон фолбин нагуфт, ки онҳо зинда нестанд, ҳамаашон бо як овоз мегуфтанд, ки духтару бача зиндаанд, аммо захмӣ шудаанд, кӯшиш кунед, меёбед. Таънасори дӯсту душман гашта, аз касу нокас гап шунида бошам ҳам, мани модари зор ва ҷигархун дар дил тайёр будам, ки Санавбар ва Шаҳбозро бубахшам, аммо… Бозёфти умедкуш Субҳи рӯзи 15-уми июл бародарам “ба ҳама чиз омода боше