ИН АСТ ҶАННАТ, ПАС БИШИТОБЕД!
ҚИСМИ СЕЮМ
Рўзи қиёмат марг ба сурати гўсфанд оварда мешавад, пас ба аҳли ҷаннат ва ба аҳли дўзах гуфта мешавад, ки оё медонед, ки ин чист? Ҳама мегўянд, ки ин марг аст. Пас маргро байни ҷаннату дўзах қурбон мекунанд. Ва сипас барои аҳли ҷаннат ва аҳли дўзах гуфта мешавад, ки акнун ҳаёт доимиву абадӣ аст ва барои шумо дигар марг нест. Аз шунидани ин сухан хурсандии аҳли ҷаннат зиёдтар мешавад. Зеро вақте ки ваъдаҳои нисбати ҷаннат додаи Худовандро бо чашмони худ мебинанд ва мефаҳманд, ки ин ҳама неъматҳо муваққатӣ набуда, доимӣ аст, хурсандии онҳо зиёдтар мешавад. Аммо аҳли дўзах бо шунидани ин сухан боз ғамгинтар мешаванд. Зеро акнун донистанд, ки азоб