Эй Модари ч,он чи хел Шумо кори Шумо,
Богу дару дарвозаву девори Шумо.
Шояд ки насиб кунад ба фарзанди Шумо,
То руйи бахор дубора дидори Шумо.
Дорад дили ман хамеша оханги Шумо,
Пазмон шудаям насихату ч,анги Шумо.
Аз бах,ри Худо малоли хотир нашавед,
Фарзанди Шумо хамеша дилтанги Шумо.
Дар хотири ман тануру чагдони Шумо,
Он кулчаи ру рафидаву нони Шумо.
Айвони баланду суфраву хони Шумо,
Як косаи дуги пур зи райхони Шумо.
Эй Модари чон хамеша банди Шумо,
Бошад ба Худо хаели фарзанди Шумо.
Як ханда кунед зи баьди хар гиряи худ,
Чону дили ман фидои лабханди Шумо.