розӣ бод) Қозии Ҳалаб, шайх, имом ва донишманди бузург Камолиддин ибни Адим (соли вафоташ 660 ҳиҷрӣ) дар васфи Оиша қасидае дорад, ки дар он таърифу тавсиф ва мадҳу ситоиши Оишаро карда, бадгўёну бадбинони ӯро мардуд меҳисобад. Қасида чунин аст: Мақоми мо куҷову умми мўъминон куҷо, «Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо». Чу кина дори ба ман, равзаи Расул марав, Ки кулба они ман аст, пойи худ манеҳ он ҷо. Худой дода ба ман ҳикмату фазилати хос, Сифоти некӯ марову каломи пурмаъно. Сууди руҳи Расул (с) будааст дар оғӯшам, Чаро ки навбати шаб он замон буд маро. Паёмбараст маро ҷуфт, зи ғайраш безорам, Ҳамеша ҳаст ба забонам сипосу шукри Худо. Фиристода Малак суратам ба амри Худо, Бишуд волаю