Дар ғариби пир гаштам эй ҷавониям бубахш,
Додгуён рафти аз ман зиндагониям бубахш.
То ки ёбам ман нишоне аз нишоти рузгор,
Бенавозиши ту мондам эй нишониям бубахш.
Ман накардам хизмати арзанда эй Модар ба ту,
Эй паривори замину осмониям бубахш,
Эй Падар эй гавҳари яктои нотакрори ман,
Илтиҷо дорам зи ту нокомрониям бубахш,
Ночашида бусаҳои гарми лабҳои туро,
Меравам ман аз канорат ёри ҷониям бубахш.
Садқаи хоки туву хори туям эй меҳанам,
Бо бузургии забон ин безабониям бубахш.
Дар канорат бо ғурур боре намонда ман қадам,
Эй Душанбеи азизам нотавониям бубахш,
Рузи падруди ғариб то суи гураш чун рави,
Пояи тобут чу бардошти гарониям бубахш.