185. Оё дар подшоҳӣ ва тасарруфи осмонҳову замин ва чизҳое, ки Худо офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд?
186. Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд.
187. Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд (гуё ту аз он бисёр пурсидаи ва вуқуъи онро медонӣ), ки чӣ вақт фаро мерасад? Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар осмониёну заминиён пӯшида аст, ҷуз ба ногаҳон бар шумо наёяд». Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯӣ ту аз он огоҳӣ? Бигӯ: «Илми он назди Худост, вале бештари