Э мусулмонон надонам то чи даврон омадаст. Ин чи бедодиву бадбахти ба халкон омадаст, Ин чи бедодиву бадбахти дар олам, ки муставли шудаст. Аз барои чабру зулму бори исен омадаст, Авратон бешарм гашта, кудакон бас беадаб. Лофу кизбу, бехаеи бенамози кори ешон омадаст. Илмро кадре намонда, Олимонро хурмате. Вакти тамбуру рубобу ною анбо омадаст, Олиме аз дар дарояд, бо хазорон илму фазл. Таънахо созанд,ки муфлис аз паи нон омадаст, Золиме аз дарояд бо хазорон чабру зулм. Хона ороянд, ки У аз пеши Султон омадаст. Дар замонаш мургу кабоб оранд пеш, Ки фалон ибни фалон имруз мехмон омадаст. Олимонро хор доранд, золимонро бас азиз.Лочалам бар халк мехнат хамчун борон омадаст, Ту Саноиро биормуз э