Модар! Эй офарандаи инсон, эй куввати дилу чон, эй умеду орзуи фарзандон. Мисли Худо танхои бароям, Модар! Аз он рузе, ки чашм бар олами хасти кушодам, аввал тую Ватанро дидам, Модар. Дар чашмони ту ояндаи худро дурахшон мебинам. Ту муъчизаи худованди, ки ояндаро поянда мегардони, чароги хонадони, булбули хушхони ва аз ин ру, бо мани, хар соату хама чо, Модар. Ту сарчашмаи хайёти, тамоми хастию вучуди ман аз туст! Зеро маро ба дунё оварди ва бо шири сафеду мукаддасат ба воя расонди. Шабро шабу рузро руз нагуфта, дар сари гахвораи ман аллахои чонбахшу дилнавоз суруди. Модар! Эй олитарини олихахо, зеботарин зебою, бузургтарини бузургхо! Мехохам дар васфат шеърхо офарам шоирона, сурудхо сароям