Чингизхон натвонист Бухороро тасхир кунад. Номае навишт, ки ҳар кас бо мо бошад, дар амон аст!
Аҳли Бухоро ду гуруҳ шуданд, як гуруҳ муқовимат карданд ва гуруҳи дигар бо ӯ ҳамроҳ шуданд. Чингизхон ба онҳо навишт: Бо ҳамшаҳриёни мухолиф биҷангед, ва ҳар чи ғанимат ба даст овардед, аз они шумо бошад ва ҳокимияти шаҳр низ ба шумо медиҳем!
Эшон пазируфтанд ва оташи ҷанг байни ду гуруҳи мусалмон шуълавар шуд..
Дар ниҳоят, гуруҳи муздурони Чингизхон пируз шуданд.
Аммо шикасти бузург он буд, ки ӯ дастур дод гуруҳи пируз халъи силоҳ ва сарбурида шаванд!
Чингиз гуфтайи машҳурро гуфт: Агар инон вафо медоштанд, ба хотири мо бегонагон, ба бародаронашон хиёнат намекарданд!
"Ин оқибати худфурушон аст!"