Зи ранҷи рӯзгори сард,тарки тифлу зан кардам,
Ба умеди рӯзи беҳбуд, ғарибиро ватан кардам.
Кашидам сад азоб гоҳ гушнаву гоҳе ба пушти дар,
Қабои номусу нангй,мусалмонй ба тан кардам.
Набудам ҳеҷ гоҳ ғофил зи ёди он Худои пок,
Ба фикри сар хаёл аз мурдагони беватан кардам.
Куҷо рафтанд? куҷо буданд?саргардон пайи рӯзӣ,
Набуд парвои кас ҳаргиз, аз ин парво,ки ман
кардам.
Гузашт аз умри ман зоеъ ҳама даври ҷавониям,
Ба гулбоғи хазони ғайр,ки онро ман чаман кардам.
Сиёвуш аз матоъи ғам, мапӯш он хирқаи беранг,
Ки ӯро бар тани сад орзӯям ман кафан кардам.