Ëдам омад эй ишқи аввал номи ту. Ëдам омад чашми шаҳлову руи ту, Аз ëди ту дил ларзиду оҳе кашид. Аз ëди номат дилам ғамҳо чашид, Ин зиндаги сарномаи ëдҳо будаст, Зиндаги сардафтари ғамҳо будаст. Ëдам омад ишқи туву чашмони ту. Зиндаги бе ëри хуш муаммо будаст, Ëдам омад кудакиам дил метапад. Ман бар хаëли духтари ҳамсояаам, Ҳар гаҳе,ки ëди ӯ бар дил мерасад. Ман девонаи он духтари ҳамсояам. Ëдам омад эй ишқи аввал номаи ту, Номаҳои пур зи меҳру ҳам вафои ту. Номаи ту,то ҳол бар дил ҳарфкашида. Ëдам омад он суханҳои маҳинаки ту. Бар дил гуям бас дигар ëдаш макун, Ëди садову ëди он чашмонаш макун. Беҳуда аст эй дили ман ин ғамҳои ту Бас дигар бар орзуи дидораш макун...