Чону дили худ кунам фидои падарам,
Ох аз гаму дарди бедавои падарам.
Аз бахри давои ту давидам ба табиб,
Доруи табиб нашуд давои падарам.
Мегиряму зору аз барои падарам,
Аз мо, ки чудо шуди кучои падарам.
Ларзид дилам чу беди мачнун ба Худо,
Дар лахзаи рузи алвидои падарам.
Эй кош ба растахези гул зинда шавад,
То сачда кунам ба хоки пои падарам.
Чун бод савори аспи чубин бирафт,
Ман гиря кунону аз кафои падарам.
Бо дидаи тар Каздони дасташ ба дуо,
Чаннат бикунад худо чои падарам.