Эй модарону хоҳарон, бодо муборак идатон! Гулпӯш шуд кавну макон, бодо муборак идатон! Баҳри шумо фархунда бод ин фасли зебои баҳор, Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон! Ин фасли гул зебандаву зебову дилкаш чун шумо, Эй бонувони ҷони ҷон, бодо муборак идатон! Чун корвони ҳуснатон аз роҳи дилҳо бигзарад, Андар шитоб умри равон, бодо муборак идатон! Кай бе шумо ин зиндагӣ дорад ҷилову накҳате, Эй ахтарони осмон, бодо муборак идатон! Рухсораҳо монанди гул, чун ғунча лабҳои шумо, Зеби баҳорони замон, бодо муборак идатон! Чун менависад шеъри худ Мафтуни мо дар лаб дуо, Гӯяд ҳме аз мағзи ҷон, бодо муборак