Модар! Чӣ калимаи ширину рӯҳнавозе! Вақте модар мегӯем, вуҷудамонро ҳиссиёти гарму нарме фаро гирифта, қалбамон таскин меёбад ва пеши назар симои азизтарин шахсе падидор мегардад, ки як умр барои фарзанд кору зиндагӣ кардааст. Бале, танҳо модар барои фарзанд меҳрубонтарину ғамхортарин кас аст, ки ҳатто ҷонашро дареғ намедорад. Танҳо модар фарзандро нӯҳ моҳ дар батн бо эҳтиёт парварида бо чӣ дарду машаққат ба дунё меораду ҳамон лаҳза ҳама азобҳои кашидаашро фаромӯш карда тифлакашро бо меҳри беандозае ба оғӯш гирифта, пистон ба даҳонаш мегузорад. Модар аст, ки шаб то саҳар нахуфта беминат сари гаҳвораю болини ҷигарбанд алла мегӯяду луқмаи лазизтаринро на ба даҳони худ, балки ба даҳони фарзанд