"Бани Одам аъзои як пайкаранд" Ки акнун паи қатли якдигаранд, "Чу узве ба дард оварад рӯзгор" Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор? Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он: Куҷоӣ ту Саъдӣ иваз шуд замон. Бани Одами имрӯза дев асту шар, Яке гургу он барра бошад дигар. Ҳама беғам аз меҳнати дигарон, Ба пеши косае хуну қошуқ дар он. Ҷидол асту ҷангу бародаркушӣ Дигармонда "Саъдӣ ", куҷо сархушӣ? "Ту к -аз меҳнати дигарон беғамӣ ", "Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ ". Ту гул гуфтаӣ Саъдии хушсухан, Чӣ гӯям, ки ногуфта сӯзад даҳан. Ту дар аҳди хеш инчунин гуфтаӣ, Худоят бибахшад кунун хуфтаӣ. Ту нестӣ, ки бибинӣ дар қарни мо, Бани Одам инҷо чӣ кардааст, чиҳо? Чӣ аъзо зи пайкар бурун кардаанд, Ба дандон ҷаҳон ғарқи х