Имрўз, 15 март писарам Сино, ки дур аз Ватан толибилми факултети “Стоматология”-и яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия мебошад, 21 сола шуд! Ҷигарбандам, туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Бароят тансиҳатӣ, хонаободӣ, хушбахтӣ, бурдборӣ, умри дарози пурбаракату бенуқсон амалигардии тамоми орзуву ниятҳои неки диниву дунявӣ ва осмони софу дар зиндагӣ роҳи сафедро аз даргохи Худованди бузург талаб дорам! Орзуи онро дорам, ки чун Абуалии Сино дар рушди илми тиб саҳми арзандае гузошта, дар хизмати падару модар ва халқу Ватанат бошӣ.