Сураи МАРЯМ Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! 1 Коф, ҳо, ё, айн, сод. 2 Баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандаи Худ Закариёст. 3 Он гоҳ ки Парвардигорашро пинҳонӣ садо дод. 4 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва сарам аз пирӣ сафед шудааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, бебаҳра набудаам. 5 Ман пас аз марги худ аз хешовандонам бимнокам ва занам нозоянда аст. Маро аз ҷониби Худ фарзанде ато кун, 6 ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандида гардон». 7 «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем». 8 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре б