Мард рузе аз кор ба хона баргашт ва аз ҳамсараш пурсид: Намози асрро хонди? Зан гуфт: На, хеле хастаам, тоза аз кор омадам ва каме истироҳат кардам. Шавҳараш гуфт: Хуб, акнун рав намози аср ва шомро бихон, қабл аз ин, ки хуфтан шавад. Фардои он руз мард ба қасди як сафари бозаргони ба дигар шаҳр парвоз кард. Ҳамсараш чанд соат баъд аз парвоз ба у занг зад, то аҳволашро ҷуё шавад, аммо шавҳараш ба тамоси у посух надод. Чандин бор пайи ҳам занг мезад, аммо касе гуширо намебардошт. Зан оҳиста-оҳиста нигарон шуд ва ҳар боре, ки ба тамосаш посух намеёфт, нигарониаш бештар мешуд. Дар зеҳнаш ҳар гуна андешаҳо пайдо шуд, ки накунад ба у ягон ҳодиса рух дода бошад, чун ҳаргоҳе, ки шавҳараш ба сафар м