Ёди он шаб, ки будам маст дар оғӯши шумо, Бӯсаҳо гарм рабуда, зи лаби нӯши шумо. Ончунон танг дар оғуши шумо хуфта будам, Карда ин зиндагиро муфт фаромӯши шумо. Ҳар замон олами дигар бари ман во мекард, Дар дили шаб ба масал дидаи нимпӯши шумо. Мори бозуи шумо дар тани ман мепечид, Гашта афсун ба афсонаи ман гӯши шумо. Хотирам ҷамъ буд, аз мӯи парешони шумо, Дидаам пур шуда аз пайкари гулпуӯши шумо...