Чаро, эй одамӣ, аз ҷоддаи ҳамвор метарсӣ, Агарчӣ бандаӣ, аз холиқи Ҷаббор метарсӣ? Чаро гум мекунӣ умрат, надори заррае парво, Чаро аз камшавии моли ин бозор метарсӣ? Наметарсӣ зи рафторат, наметарсӣ зи роҳи каҷ, Чаро, ки аз гузаштан зери каҷдевор метарсӣ? Наметарсӣ зи фарҷомат, фаромӯш кардаӣ маргат? Чаро аз дидани як бистарӣ бемор метарсӣ? Намедонӣ, магар фардо,таъоми каждуму морӣ? Чаро ин дам зи як каждум, зи заҳри мор метарсӣ? Зи гӯри марг дорӣ тарс, ки онҷо сарду торик аст, Чаро аз сардии дунё, зи шоми тор метарсӣ? Наметарсӣ зи холиқат, вуҷуди ду ҷаҳон аст Ӯ, Чаро аз тезии шамшер, аз ҳалқаи як дор метарсӣ? Магу, эй Дил, дигар боре, ки аз ағёр метарсӣ, Магу, эй Дил, дигар боре, зи захми